Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб машварати омӯзишӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони лоиҳаи фонди Аврупо ЭРАСМУС+ «TRIGGER машварати омӯзишӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳ.
Машварати омӯзишӣ дар доираи бастаи кории 1-и лоиҳа, ки «Таҳкими ҳамкорӣ байни МТОК ва корхонаҳо — корфармоён бо мақсади бокортаъминшавӣ» унвон дошта, донишгоҳ шарики он мебошад, доир гардид. Он дар самти боз ҳам мустаҳкамтар гардидани ҳамкории донишгоҳ бо ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландпояи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидати созгор менамояд.
Дар машварат меҳмонон аз донишгоҳи Ҳамоҳангсози кулли лоиҳа — Донишгоҳи техникии Кошитсеи Словакия (ASTRA), Донишгоҳи Код’Дэ Азури Фаронса, Ассотсиатсия барои инноватсия ва рушд ва Маркази омӯзишии IDEC S.A., Юнон аз таҷрибаи худ тавассути рӯнамо сухан гуфтанд.
Мақсади асосии лоиҳаи «TRIGGER» мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид ва беҳтар намудани ҷараёни кортаъминкунии хатмкунандагон дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






