Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи «Таҳқиқоти сотсиологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Дар кори конфронс олимону донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конфронс инъикоси масъалаҳои маориф ва илм дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, нақши маориф дар амнияти идеологии ҷомеа, баҳодиҳии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба маориф, сифати таҳсил ва омода намудани мутахассисони касбӣ, ҳамзамон масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм тавассути ниҳодҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои ба низоми таҳсил марбут баррасӣ карда шуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






