Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон якчанд марказу толори таълимӣ-тарбиявӣ ифтитоҳ шуд

Май 19, 2023 15:08

ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон якчанд марказу толори таълимӣ-тарбиявӣ: Маркази коршиносиву таҳлилӣ, Маркази ягонаи назорати раванди таълим, Китобхонаи дастхатҳои ниёгони бурунмарзӣ бо таъмири замонавӣ, ҳамзамон толори Шӯрои олимони факултет дар фазои кории барҳавою замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар маросими ифтитоҳи марказу толорҳо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода,  намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону кормандони факултети муносибатҳои байналхалқӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар таърихи факултет ин иқдоми аввалин буда, ба беҳтар гардонидани низоми таълиму тарбия ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ мусоидат хоҳад кард.

Маркази коршиносиву таҳлилӣ, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани таҳлилҳои воқеӣ ва пешгӯии раванду тамоюлҳои таъсиррасон ба сиёсати амалӣ буда, бо компютерҳову дастгоҳи чопӣ таъмин мебошад.

Зимни ифтитоҳи Китобхонаи дастхатҳои ниёгони бурунмарзӣ, ки бо таъмири замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, таъкид гардид, ки дар китобхона 43 дастхати нодир, ки аз он 10 номгӯй адабиёти авастоӣ ва 9 852 дастхати тоҷикӣ, ки дар 20 феҳристи донишгоҳ ва марказҳои илмӣ ҷамъоварӣ гардидааст, нигоҳ дошта шудааст. Ҳамзамон беш аз 2000 китоби электронӣ низ ҷамъоварӣ шудааст.

Маркази ягонаи назорати раванди таълим аз ҷумлаи марказҳое мебошад, ки ба назорати ҷараёни таълим ва беҳтар намудани раванди дарсҳо мусоидат менамояд.

Ин марказу толорҳо барои раванди илму таълим ва беҳтар гаштани шароити илмомӯзӣ имконияти хуб фароҳам месозад.

Ёдрас мешавем, ки ташкилу таъмин ва тармими чунин утоқҳои корӣ дар самти беҳтар гардонидани раванди илмомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳа, инчунин тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ судманд мебошад.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода таъсиси чунин марказҳоро иқдоми нек арзёбӣ намуда, гуфт, ки он барои такмили донишҳои замонавӣ, инчунин пайвастани илм бо амал саҳми назаррас мегузорад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 19, 2023 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа