Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Озмуни якуми байналмилалии рушди санъати миллӣ оғоз шуд

Май 22, 2023 17:36

ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» таҳти унвони «Дӯстӣ бимонад ҷовидон!» Озмуни якуми байналмилалии рушди санъати миллӣ оғоз шуд, ки дар он довталабон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус ва Федератсияи Русия тариқи ҳузурӣ ва онлайн бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур хабар доданд.

Дар озмун 29 довталаб тариқи ҳузурӣ ва 98 довталаб ба таври онлайн бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок менамояд.

Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ аз рӯи номинатсияҳои сурудхонии халқӣ, навозиши асбоби миллӣ ва рақси миллӣ бо мақсади шинос шудан бо санъати миллии давлатҳои ҳамҷавор ва табодули таҷриба доир мегардад.

Озмун дар толори «Арғунун»-и муассиса доир шуда, дар он роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати донишкада ва ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон ва  омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

«Таҳкими ҳамкории неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма мегирад. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9 марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон 17 августи соли 2018 ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду давлати дӯсту бародар такони ҷиддӣ бахшид», — таъкид гардид дар  ҳамоиш.

Тазаккур дода шуд, ки таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистон ва Узбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа низ нақши калидӣ мебозад. Зеро тоҷикон ва узбекон ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош варзида, оинҳои беҳтаринро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Бошад, ки ин анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ, ба мисли муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ то абад ҷовидон бимонанд.

Мақсад аз баргузории озмун- рушди санъати миллии давлатҳо дар натиҷаи табодули таҷриба, таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи санъати мусиқӣ, мусиқишиносию таҳсили мусиқӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ мебошад.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Май 22, 2023 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид