Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Озмуни якуми байналмилалии рушди санъати миллӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» таҳти унвони «Дӯстӣ бимонад ҷовидон!» Озмуни якуми байналмилалии рушди санъати миллӣ оғоз шуд, ки дар он довталабон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус ва Федератсияи Русия тариқи ҳузурӣ ва онлайн бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур хабар доданд.
Дар озмун 29 довталаб тариқи ҳузурӣ ва 98 довталаб ба таври онлайн бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок менамояд.
Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ аз рӯи номинатсияҳои сурудхонии халқӣ, навозиши асбоби миллӣ ва рақси миллӣ бо мақсади шинос шудан бо санъати миллии давлатҳои ҳамҷавор ва табодули таҷриба доир мегардад.
Озмун дар толори «Арғунун»-и муассиса доир шуда, дар он роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати донишкада ва ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
«Таҳкими ҳамкории неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма мегирад. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9 марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон 17 августи соли 2018 ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду давлати дӯсту бародар такони ҷиддӣ бахшид», — таъкид гардид дар ҳамоиш.
Тазаккур дода шуд, ки таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистон ва Узбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа низ нақши калидӣ мебозад. Зеро тоҷикон ва узбекон ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош варзида, оинҳои беҳтаринро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Бошад, ки ин анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ, ба мисли муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ то абад ҷовидон бимонанд.
Мақсад аз баргузории озмун- рушди санъати миллии давлатҳо дар натиҷаи табодули таҷриба, таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи санъати мусиқӣ, мусиқишиносию таҳсили мусиқӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ мебошад.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад






