Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Фестивали мӯд- 2023 доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 10-солагии таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» фестивали мӯди либос баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Дар намоиш намояндагон аз Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода доир ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи фарҳанг, хусусан соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд. Гуфта шуд, ки баргузории фестивали мӯд метавонад имконияти хубе барои донишҷӯён ва магистрантони донишкада зимни муаррифии коллексияи либосҳои худ бошад.
Таъкид гардид, ки хусусияти фестивали имрӯза он аст, ки имрӯз зиёда аз 30 номгӯйи беҳтарини коллексияҳои либос давоми 10 соли фаъолияти донишкада ба намоиш гузошта мешавад. Омода ва муаррифӣ намудани коллексияҳои либос як навъ имтиҳоне аст, ки дар он тӯли як сол донишҷӯёни ихтисоси дизайни костюм ва газвор, яъне дизайнерони ояндаи либос ва мӯд бурду бохти худро ба устодону меҳмонон ва ҳаводорони олами эҷод манзур мегардонанд.

Коллексияҳои пешниҳодшудаи «Интеграл», «Навои ситор», «Ангезаҳои шарқӣ», «Ориёиям», «Ситораи саҳарӣ», «Маликаи Шарқ», «Муъҷизаофар», «Рӯзу шаб» ва «Боре дар Париж» ба тамошобинон бештар писанд омад.
Дар фарҷом муаллифони коллексияҳо аз ҷониби роҳбарияти Донишкада бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин фестивалҳо – як навъ тарғиби зебоипарастӣ ва дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон ба шумор меравад.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






