Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид

Май 1, 2023 16:30

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории  Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далер Ҷумъа бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ  таҳти роҳбарии хонум Судешна Гош Банерҷӣ – мудири иҷроия оид ба энергетикаи Бонки ҷаҳонӣ барои давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат аз раванди талошҳои Бонки ҷаҳонӣ дар самти ҷалби маблағгузорӣ ва ҳамоҳангии дигар шарикон барои маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон дар мулоқот раванди омодасозии лоиҳаи хусусии неругоҳи барқи офтобӣ дар вилояти Суғд бо иқтидори 200 МВт, омодагӣ ба таҳияи лоиҳаҳо дар самти таъмини гармӣ дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон, лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ, лоиҳаҳои минтақавӣ ва корҳои омодагӣ ба баргузории Конференсияи 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи  майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  баррасӣ шуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2023 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид