Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии хонум Судешна Гош Банерҷӣ – мудири иҷроия оид ба энергетикаи Бонки ҷаҳонӣ барои давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат аз раванди талошҳои Бонки ҷаҳонӣ дар самти ҷалби маблағгузорӣ ва ҳамоҳангии дигар шарикон барои маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳори сипос намуд.
Ҳамзамон дар мулоқот раванди омодасозии лоиҳаи хусусии неругоҳи барқи офтобӣ дар вилояти Суғд бо иқтидори 200 МВт, омодагӣ ба таҳияи лоиҳаҳо дар самти таъмини гармӣ дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон, лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ, лоиҳаҳои минтақавӣ ва корҳои омодагӣ ба баргузории Конференсияи 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






