Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Форуми сармояи инсонӣ ва Фестивали касбу кор доир мешавад

Май 14, 2023 14:08

ДУШАНБЕ, 14.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо мақсади рушди сармояи инсонӣ таҳти унвони «Роҳ ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» Форуми байналмилалии ҷавонон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи он Фестивали касбу кор барпо карда мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд бо намояндагони ширкатҳои давлатӣ ва хусусиву тиҷоратӣ вобаста ба ҷойи кор, имтиёзу бастаҳои иҷтимоӣ ва шароити дигари фаъолият суҳбат  намоянд.

Дар он барои аз даст надодани имкони дарёфти кор ва мулоқоти бевосита бо корфармо бояд дар сомонаи расмии www.joikor.tj  аз қайд гузашт. Хоҳишмандон метавонанд аз ин саҳифа ширкатҳои зиёдеро, ки ҷойи кор пешниҳод менамоянд,  пайдо кунанд ва санаи суҳбатро дар доираи ҳамин фестивал муайян созанд.

АКС аз бойгонӣ

Май 14, 2023 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад