Дар Душанбе дар мавзуи «Сармояи инсонӣ-омили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» конференсия доир мешавад

Май 10, 2023 08:40

ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Сармояи инсонӣ-омили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо. 

Конференсия бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил мегардад.

Дар он  мавзуъҳои зерин: «Рушди неруи инсонӣ – ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши неруи инсонӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он дар Тоҷикистон», «Ҳамкории иҷтимоии давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон», «Омилҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон», «Нақши маориф ва илм дар ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон, «Омилҳои рушди сармояи инсонӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Сармояи инсонӣ ва масъалаҳои фирори зеҳнҳо дар Тоҷикистон», «Масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Ҷавонон ҳамчун неруи меҳварии рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» мавриди барарсӣ қарор дода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 10, 2023 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст