Дар Душанбе дар мавзуи шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистон ва Русия ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тоҷикистон — Русия: аз Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила то шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ. Масири роҳи бузург» ҳамоиш доир карда шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок карданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш иштирокчиён аз намоишгоҳи аксҳо, ки бозгӯкунандаи оғози ҳамкории ду давлат ва нишондиҳандаи ташаккули рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия мебошад, дидан намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба таҳаввули рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия, ки намунаи равшани муносибатҳои ҳақиқии иттифоқӣ дар асоси принсипҳои дӯстии самимӣ ва устувор, дастгирӣ ва ёрии ҳамдигарӣ мебошанд, мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Русия дар афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва имрӯз ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва самтҳои афзалиятнок дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои зиёди муштарак ва афзоиши гардиши бор байни ду давлат шаҳодати ин аст.
Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки байни ҳар ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.
«Ин ҳамкорӣ асосан аз принсипҳо ва уҳдадориҳои Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Русияву Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои дуҷониба сарчашма мегирад», — гуфта шуд дар ҳамоиш.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






