Дар Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 18.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн, аз соати 8:00 то 12:00 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии Тоҷикстандарт хабар доданд.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт баргузор шуда, дар он корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасон иштирок намуда, молу маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.
Озмун бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор, инчунин муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.
Дар он 76 корхонаву ташкилот ва соҳибкорон аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои марказ, ки дар даври минтақавии озмун ғолиб дониста шудаанд, иштирок менамоянд.
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ баргузор мегардад.
Сокинону меҳмонони пойтахт дар баробари тамошои намоишгоҳ ҳамзамон имкон доранд аз маҳсулоти ширкатҳои истеҳсоли ватанӣ харид намоянд.
АКС: Агентии Тоҷикстандарт








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






