Дар Душанбе доир ба нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология Конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология» Конференсияи VIII байналмилалии илмиву амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дар конференсия донишҷӯён, аспирантон, олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тариқи маҷозӣ раисони Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла намояндагон аз марказҳои илмии хориҷӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз дастовардҳои ҷавонони мамлакат дар даврони истиқлол ёдовар шуда, иброз намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат қарор дошта, давлат ва Ҳукумат барои пешбурди сиёсати ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба самти пешбурди илм ва инноватсия дар Тоҷикистон нақшаҳои гуногуни давлатиро дар амал татбиқ намуда истодааст. Ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳурияии гуногун дар ҷумҳурӣ ва ба ин васила дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон ва кашшофони оянда нишони ин гуфтаҳо аст.
Иброз гардид, ки имрӯзҳо барои ҷалби ҷавонон дар соҳаи илм ва инноватсия ва таъмини шароити хуби илмӣ — омӯзишӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имконият фароҳам оварда шудааст. Олимони ҷавон метавонанд, ки бо истифода аз фурсати муносиб таҳсил ва таҳқиқоти илмии худро дар хориҷи мамлакат идома диҳанд.
Раиси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мену Мамадюсуфова оид ба дастовардҳои олимон ва муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва фаъолияти назарраси Шӯрои олимони ҷавонони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар идомаи кори конференсия бо иштироки олимон ва муҳаққиқони ҷавони дохилию хориҷӣ гузоришҳои илмии маҷозӣ шунида шуданд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо метавонад ҳамкории олимону муҳаққиқони ҷавони моро дар самтҳои гуногуни илмӣ густариш бахшад.
Иштирокдорон роҳҳои дар оянда боз ҳам тақвият додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотиро дар байни ҳамдигар баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки тамоми имконияти мавҷударо ба ин самт ҷалб хоҳанд кард.
Дар фарҷоми конференсия яке аз олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ Ардамеҳр Ашуров бо Дипломи дараҷаи 1 ва медали сарисинагии «Беҳтарин ходими илмӣ»-и ИДМ сарфароз гардонида шуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






