Дар Душанбе доир ба нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология Конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Май 28, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология» Конференсияи VIII байналмилалии илмиву амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар конференсия донишҷӯён, аспирантон, олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тариқи маҷозӣ раисони Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла намояндагон аз марказҳои илмии хориҷӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Президенти Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз дастовардҳои ҷавонони мамлакат дар даврони истиқлол ёдовар шуда, иброз намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат қарор дошта, давлат ва Ҳукумат барои пешбурди сиёсати ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба самти пешбурди илм ва инноватсия дар Тоҷикистон нақшаҳои гуногуни давлатиро дар амал татбиқ намуда истодааст. Ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳурияии гуногун дар ҷумҳурӣ ва ба ин васила дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон ва кашшофони оянда нишони ин гуфтаҳо аст.

Иброз гардид, ки имрӯзҳо барои ҷалби ҷавонон дар соҳаи илм ва инноватсия ва таъмини шароити хуби илмӣ  — омӯзишӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имконият фароҳам оварда шудааст. Олимони ҷавон метавонанд, ки бо истифода аз фурсати муносиб таҳсил ва таҳқиқоти илмии худро дар хориҷи мамлакат идома диҳанд.

Раиси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мену Мамадюсуфова оид ба дастовардҳои олимон ва муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва фаъолияти назарраси Шӯрои олимони ҷавонони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар идомаи кори конференсия бо иштироки олимон ва муҳаққиқони ҷавони дохилию хориҷӣ гузоришҳои илмии маҷозӣ шунида шуданд.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо метавонад ҳамкории олимону муҳаққиқони ҷавони моро дар самтҳои гуногуни илмӣ густариш бахшад.

Иштирокдорон роҳҳои дар оянда боз ҳам тақвият додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотиро дар байни ҳамдигар баррасӣ намуда,  иброз доштанд, ки тамоми имконияти мавҷударо ба ин самт ҷалб хоҳанд кард.

Дар фарҷоми  конференсия яке аз олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ Ардамеҳр Ашуров бо Дипломи дараҷаи 1 ва медали сарисинагии «Беҳтарин ходими илмӣ»-и ИДМ сарфароз гардонида шуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 28, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад