Дар Душанбе доир ба вазъи ташхису табобати бемориҳои пӯст конференсия баргузор гардид

Май 20, 2023 18:38

ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст»-и шаҳри Душанбе вобаста ба ташхису табобати бемориҳои пӯст, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат конференсияи илмӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти муассиса, роҳбарони муассисаҳои соҳавии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар конференсия иброз дошта шуд, ки ташхис ва табобати бемориҳои пӯст имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби тибби замони муосир ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри ташхису табобати бемориҳои пӯст шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст ва муассисаҳои соҳавӣ бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардидаанд.

Зимни ҳамоиш мутахассисони соҳа доир ба паҳлуҳои гуногуни бемории мазкур маъруза намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2023 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд