Дар Душанбе дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ гардид

Май 11, 2023 20:33

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон мусбат ҷамъбаст гардид. Ин нуктаро имрӯз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мэтю Гартнер иброз намуд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи баррасии фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument-PCI) бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Хазинаро бо вазъи феълии макроиқтисодии Тоҷикистон ва низоми бонкӣ шинос намуд.

Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтю Гартнер иброз дошт, ки барои ноил шудан ба мақсади гузошташуда омода аст бо масъулини Бонки миллии Тоҷикистон музокиротро идома диҳад.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, захираҳои байналмилалӣ ва таъсири он ба амалиёти сиёсати пулию қарзӣ ва тавозуни пардохт, тағйирот дар бозори асъор, таваррум, интиқоли маблағҳо ва иҷрои тавсияҳои ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба танзими асъор ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти бозорҳои асъорро баррасӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки PCI фишанги ғайримолиявӣ буда, имконияти он барои ҳамаи аъзои Хазинаи Байналмилалии Асъор дастрас мебошад ва дар доираи он ба кишварҳои аъзо кумаки машваратӣ пешниҳод карда мешавад. Илова бар ин, ширкат дар фишанги гуфташуда имкон медиҳад, ки ҳамчун замина барои баргузор намудани гуфтушунид бо Хазинаи Байналмилалии Асъор истифода бурда шавад.

Барномаи мазкур барои беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ муҳим буда, иштироки Тоҷикистон дар барнома ба баланд бардоштани ҷолибияти иқтисоди мамлакат барои сармоягузорон мусоидат хоҳад кард.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 11, 2023 20:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд