Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории илмию техникӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ шуд

Май 8, 2023 14:54

ДУШАНБЕ, 08.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 май дар шаҳри  Душанбе бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди ҳамкории илмию техникӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, дар робита ба тамоюл ва дурнамои рушди ҳамкории илмию техникии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои илмии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори андеша намуд ва роҷеъ ба самтҳои асосии фаъолияти Академия ва дастовардҳои илми тоҷик маълумоти мухтасар дод.

Президенти Академияи илмҳои Туркманистон Аллаберди Аширов, ки ҳайати олимони туркманистониро роҳбарӣ мекард, зимни сухани ифтитоҳӣ вобаста ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории илмию техникии Туркманистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои илмии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуд.

Роҳбарияти муассиаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Туркманистон, директорони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон ва олимону муҳаққиқон аз ҳар ду ҷониб суханронӣ намуда, вобаста ба фаъолият, дастовардҳо, вазъу дурнамо, ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа ва таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба табодули андеша намуданд.


Чорабинии мазкур бо иштироки меҳмонон ва олимону муҳаққиқони варзидаи ҳарду давлат дар сатҳи баланди ташкилӣ, руҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, олимони туркманистонӣ ҷиҳати тавсеа ва густариши ҳамкории илмӣ бо ҳамтоёни тоҷики хеш изҳори омодагӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон олимону коршиносони туркманистониро барои боздид аз муасиссаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо самтҳои фаҳолият ва дастовардҳои ин муассисаҳо ба шаҳраки академӣ, ки аксари кулли институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия дар он ҷо ҷойгир мебошанд, даъват намуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 8, 2023 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд