Дар Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шуруъ намуд

Май 22, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, Котиби генералии СҲШ Чжан Мин (дар шакли маҷозӣ) ва собиқ Котиби генералии СҲШ (солҳои 2016–2018) Рашид Олимов, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода сухан гуфтанд.

Ҳамзамон дар кори ҳамоиш роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмю таҳлилии давлатҳои аъзо, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки Форуми Созмони ҳамкории Шанхай механизми бисёрҷонибаи машваратӣ-экспертии ҷамъиятӣ мебошад, ки ба мусоидат ва дастгирии илмӣ-таҳлилии фаъолияти СҲШ, рушди ҳамкории марказҳои илмӣ-тадқиқотии двлатҳои аъзои СҲШ, гузаронидани тадқиқоти муштарак оид ба масъалаҳои мубрами доираи Созмон, тавсеаи табодули афкор байни олимон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, иҷтимоиёт, экология, технология нав равона шудааст.

Мақоми раисӣ дар Форуми Созмони ҳамкории Шанхай соли 2022 аз Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд ва имсол сеюмин давраи раисии Тоҷикистон дар Форуми СҲШ мебошад.

Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай тӯли ду рӯз идома ёфта, ҳамарӯза ҳамоиш дар чор сессия доир гардида, дар онҳо масоили зерин, аз ҷумла  вазъи кунунии иқтидори посухгӯйии Созмон ба чолишҳои муосир,  уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ, сиёсати амниятии СҲШ дар шароити тағйирёбии шаклҳо, табиат, ҷуғрофиё, миқёси чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ, хатарҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ: дарки таҳдидҳо, таҷрибаҳои миллии муқовимат ва механизмҳои табодули таҷриба дар доираи СҲШ ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегирад.

Бояд ёдовар шуд, ки Форуми мазкур соли 2006 таъсис ёфта, аз ҳар давлати аъзо як маркази муҳими таҳлилӣ шомили он мебошад. Раёсатро дар Форум ҳар сол маркази миллии таҳлилии давлати аъзо  ба дӯш мегирад. Форумро аз номи Тоҷикистон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Аз замони таъсис то имрӯз таҳти раёсати давлати аъзо 17 ҷаласа баргузор шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан ду маротиба- солҳои 2010 ва 2016 дар Форум раисӣ карда, онро дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузаронид.

Ҷаласаи Форуми Созмони ҳамкории Шанхай то 23 май идома меёбад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 22, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид