Дар Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани иқтисоди миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

Май 5, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ  «Ховар»/.  4 май дар Душанбе бо ташаббуси Фраксияи Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Самтҳои асосии амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Ҳамоиш ҷиҳати расидан ба ҳадаф ва афзалияти стратегӣ ва идома додани ислоҳоти иқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои берунаву дохилӣ ва баланд бардоштаи сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ доир шуд.

Гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳои асосии раванди амалигардии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030» нишон дод, ки мо ба ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии стратегии муайянгардида дар маҷмуъ ноил гардидем ва заминаи мусоид барои рушди устувори минбаъдаи мамлакат фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон дар баробари дастовардҳо баъзе нишондиҳандаҳои алоҳидаи барномаи қаблӣ бо назардошти пайомади буҳронҳои иқтисодии глобалӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ дар байни мамлакатҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардид. Аз ин лиҳоз, дар ҷумҳурӣ ислоҳоти мушаххаси иқтисодӣ ва идоракунӣ роҳандозӣ гардида, ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои дохилӣ аз рӯи имконият ва иқтидори мавҷуда таъмин карда шуд.

Ҳадафи ҳамоиши мазкур- таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои беруна, гуногунсамтии истеҳсолоти ватанӣ ва иқтисоди миллӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани рақобатпазирии он ва самаранок истифода бурдани сарчашмаҳои дохилии рушди иқтисодӣ мебошад.

АКС: Маҷлиси намондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд