Дар Душанбе коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ тадбирҳои минбаъдаро барои пешгирии бемории сил баррасӣ мекунанд

Май 3, 2023 18:34

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Симпозиуми 10-уми минтақавӣ таҳти унвони «Пешрафти илмӣ: ҳалли мушкилоти бемории сили ба доруҳо устувор дар дасти худи мо аст» оид ба масъалаҳои табобати бемории сил дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба кор оғоз кард, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Симпозиуми дурӯзаи илмию амалии тиббӣ оид ба масъалаҳои табобати бемории сил дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Ташкилоти байналмилалии тиббии башардӯстонаи «Духтурон бидуни марз» баргузор мешавад.

Дар ҳамоиши илмию амалӣ коршиносони варзидаи соҳаи ташхис, табобат, пешгирии бемории сил, таъминоти доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои минтақаҳои баёншуда, «Духтурон бидуни марз», Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи глобалӣ, ташкилоти шарик, яъне марказҳои миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд.

«Самтҳои асосии «Барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025»  аз таъмини дастрасии ҳамагон ба ташхиси босифат ва саривақтии  тамоми шаклҳои бемории силро дар бар мегирад. Диққати асосӣ ба гурӯҳҳои осебпазир, ҷорӣ намудани тадбирҳои муассир барои пешгирии бемории сил ва паст кардани хуруҷи беморӣ дар мамлакат, фароҳам овардани муҳити мусоид ва дигар самтҳои вобаста ба ин масъала  зоҳир карда мешавад. Солҳои охир Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида,  сатҳи беморӣ аз 60,6 ба 100 000 аҳолӣ дар соли 2010 то 39,4 дар соли 2022 коҳиш ёфт. Оғоз аз  соли 2021  дар Тоҷикистон ҷиҳати хариди доруҳои зидди сил барои табобати беморони гирифтори шаклҳои монорезистентӣ ва полерезестентӣ аз буҷети давлатӣ  маблағ ҷудо карда мешавад», — гуфт муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода.

Бино ба гуфтаи Абдухолиқ Амирзода, Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки барои беморони мубталои сил дастрасӣ ба ин реҷаи нави табобатро фароҳам овардааст. «Мо боварӣ дорем, ки ҷорӣ намудани реҷаи нави табобат ва доруи нави Претоманид натиҷаҳои табобати беморони гирифтори бемории сили ба доруҳо устуворро ба таври назаррас беҳтар мекунад ва паҳншавии онро низ дар ҷомеаи мо коҳиш медиҳад»,-гуфт мусоҳиб.

Симпозиуми имсола таҳти унвони «Мо метавонем бемории силро аз байн барем. Пешрафти илмӣ: Ҳалли мушкилоти бемории сили ба доруҳо устувор дар дасти худи мо аст» ба дастовардҳои охирини илмӣ ва клиникӣ дар соҳаи табобати бемории сили ба доруҳо устувор нигаронида мешавад.

«Имрӯз дар саросари ҷаҳон тамоюли коҳиши бемории сил мушоҳида мешавад. Шумораи одамоне, ки ҳамасола бемор мешаванд, коҳиш меёбад, аммо ҳангоми хуруҷи бемории COVID-19 ин беморӣ тамоюли афзоиш дошт. Духтурон ва доруворӣ намерасид. Пас аз пандемия мо кӯшиш кардем, ки муборизаро дар ин самт пурзӯр кунем ва аллакай соли 2022 вазъ беҳтар шуд. Имрӯз ба мо  самаранокии реҷаҳои нави  кӯтоҳмуддат ва бехатари табобатӣ, ки ба тавсияҳои навшудаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дохил карда шудаанд, пешниҳод гардид. Моҳи декабри соли 2022 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсияҳои нав нашр кард, ки дар он ба кишварҳо тавсия дода шудааст, ки реҷаи бехавфтар ва кӯтоҳтари табобати бемории сили ба доруҳо устувор, яъне BPaLM -ро қисман дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти клиникии ТВ PRACTECAL дар амал татбиқ намоянд. Ин тадқиқоти клиникие, ки дар бисёр кишварҳо гузаронида шудааст, нишон дод, ки реҷаи шашмоҳаи пурра бо доруҳои BPaLM дар табобати бемории сили ба доруҳо устувор нисбат ба реҷаҳои мавҷуда, ки хеле тӯлонӣ буда, таъсири номатлуби ҷиддӣ ба бор оварда, танҳо барои шифоёбии 60 фоизи беморон имкон медиҳад, хеле бехавфтар ва самараноктар аст»,-иброз дошт мушовири «Духтурон бидуни марз» оид ба сил дар  Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Анимеш Сингҳ.

Соли 2022 панҷ давлате, ки дар он «Духтурон бидуни марз» фаъолият мекунанд, ба татбиқи реҷаи нави кӯтоҳмуддати табобат шуруъ карданд, аз ҷумла се давлати минтақаи АШОМ (EECA): Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Сиерра-Леоне ва Покистон. Ҳашт кишвари иловагӣ, ки дар он «Духтурон бидуни марз» фаъолият мекунад, бояд соли 2023 реҷаи табобати кӯтоҳмуддатро оғоз кунанд. «Духтурон бидуни марз» (MSF) бо барномаҳои миллии мубориза бар зидди бемории сил, вазоратҳои тандурустӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳамкории зич ба роҳ мондааст, то ки ин реҷаи нав ба одамони гирифтори бемории сили ба доруҳо устувор ҳарчӣ зудтар дастрас карда шавад.

«Дар тӯли даҳсолаҳо одамони гирифтори бемории сили ба доруҳо устувор илоҷ надоштанд, ба ҷуз аз гузаштан аз як навъи табобати  тӯлонӣ ва вазнин ба дигар. Ҳоло, ки реҷаи табобат кӯтоҳмуддат, бехавфтар ва муассиртар аст, он воқеан метавонад ҳаёти одамони гирифтори бемории силро тағйир диҳад. Аз ин рӯ муҳим аст, ки ба ҳамаи ниёзмандон табобати нав дастрас карда шавад»,-баён дошт Анимеш Сингҳ.

Солҳои охир дар соҳаи муолиҷаи бемории сили ба доруҳо устувор пешравии зиёд ба амал омадааст. Мутахассисон дар мубориза бо ин беморӣ доруҳои муосир истеҳсол ва санадҳои реҷаҳои табобати кӯтоҳмуддат таҳия кардаанд. Илова бар ин, протоколҳои нав муолиҷаи беморонро бе истифодаи сӯзандору дар бар гирифтаанд, ки истифодаи амалии реҷаҳои табобатӣ (аз ҷумла, барои беморони дар минтақаҳои аз клиникаҳои тиббии муҷаҳҳаз дур  қарордошта)-ро хеле осон мекунад. Дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти клиникии байналмилалии ТВ PRACTECAL, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2022 истифода кардани реҷаи табобатии кӯтоҳмуддати BPaLM (бедаквилин-претоманид-линезолид-москифлоксатсин)-ро ба татбиқи саросарӣ тавсия додааст. Мақсади асосии симпозиум — аз муҳокима кардани рафти татбиқи ин протокол (реҷаи табобатӣ) ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт иборат мебошад.

Иштирокчиёни конфронс масъалаҳои амалияи ҷорӣ намудани реҷаҳои нави табобати кӯтоҳмуддати аз ҷониби СУТ тавсияшуда, барои бемории сили ба доруҳо устуворгашта, ташхис ва табобати бемории сили ба доруҳо устувор дар байни кӯдакон, равиш ва муносибати дар табобати бемории сил ба беморон нигаронидашуда, консепсия ва ташкили барномаҳои табобати бемории сил дар доираи лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил», муоина ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ (маҳбасҳо), таъмини доруворӣ ва дастрасӣ ба ташхиси бемории силро баррасӣ доранд.

Мавзуъҳои дигаре, ки дар симпозиум баррасӣ карда мешаванд, аз ташхис, табобат ва хусусияти бемории сил дар кӯдакон, равишҳои байнисоҳавӣ ва ба одамон тамаркузшуда дар нигоҳубину табобати бемории сил, доғи шармандагӣ (стигма) аз боиси ин беморӣ ва ҷалби ҷомеа дар мубориза бо бемории сил иборат мебошанд.

Хотиррасон менамоем, ки бемории сил – бемории сироятӣ буда, яке аз сабабҳои асосии бадшавии саломатӣ ва яке аз омилҳои асосии фавтнокӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Қабл аз пандемияи COVID-19 бемории сил сабаби асосии фавт аз як омили сирояткунанда буд ва аз ВНМО/БПНМ марговартар аст.

Бемории сил аз бактерияи Mycobacterium tuberculosis, ки ҳангоми ба ҳаво паҳн шудани бактерияҳо аз шахси гирифтори сил ихроҷ мегарданд (масалан, ҳангоми сулфа) мегузарад. Беморӣ одатан ба шушҳо зарар мерасонад (сили шушӣ), аммо он метавонад ба дигар узвҳои бадан низ таъсир расонад. Бемории сил табобатшаванда аст, аммо бе табобат сатҳи фавтнокӣ аз ин беморӣ дар сатҳи хеле баланд боқӣ мемонад(тақрибан 50%).

Соли 2021 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ беш аз 6,4 миллион ҳолати нави гирифторӣ ба бемории силро сабт кардааст, новобаста ба ин  4,1 миллион нафар (ҳолатҳои беморӣ)  бо далели мушкилоти марбут ба ошкоркунӣ ва гузориш додани ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудаанд. Соли 2021 —  1,6 миллион нафар аз бемории сил фавтид.

Бемории сили ба доруҳо устувор ҳамчун мушкилоти асосии саломатии аҳолӣ боқӣ мемонад. Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда- ин устуворӣ ба Рифампицин- яке аз самараноктарин доруи қатори якум ба шумор меравад. Штаммҳои беморие, ки ҳадди ақалл ба Рифампицин ва Изониазид устувор мебошанд, ҳамчун бемории сили ба доруҳои сершумор устувор (MDR-TB) муайян карда мешаванд. Тахмин меравад, ки байни солҳои 2020 ва 2021 сарбории бемори сили ба доруҳои сершумор устувор (MDR-TB) афзоиш ёфтааст. Соли 2021 дар бораи бақайдгирии 450 000 ҳолати нави гирифторӣ ба бемории сили ба Рифампицин устувор (RR-TB) маълумот дода шудааст.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2023 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд