Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ гардид

Май 8, 2023 12:35

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар айни замон воситаи асосии навсозӣ дар соҳаи нақлиёт мебошанд. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори  Намояндагии Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли таъкид гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакати мо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд,-  гуфт Азим Иброҳим. — Аз ин рӯ, ҳанӯз 20 сол пеш бо фармони худ Сарвари давлат Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуда буданд».

Бино ба суханони Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, низомҳои муосири иттилоотӣ  тавассути ТИК имкон медиҳанд, ки барои ҳамаи иштирокчиёни ҳамкорӣ фазои ягонаи иттилоотӣ фароҳам оварда шавад. «Дар айни замон меъмории 26 модули низомҳои оянда таҳия шудааст ва USAID яке аз аввалин шарикони мо буд, ки кӯшишҳои вазоратро дар самти  рақамисозӣ дастгирӣ кард»,- афзуд вазир.

Гуфта шуд, ки бо шарофати ҳамкории самарабахши вазорат ва USAID  низоми  электронӣ таҳия шудааст, ки шаффофият ва самаранокии раванди додани иҷозатномаҳоро барои ҳамлу нақли автомобилӣ баланд мебардорад. Система равандҳои тиҷоратиро автоматӣ мекунад, суръати қабули қарорҳоро беҳтар  месозад ва инчунин дастрасии иттилоотро барои интиқолдиҳандагон нисбат ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдода дар портали берунии система беҳтар  мегардонад.

Питер Райли гуфт, Намояндагии  USAID пешниҳоди Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро дар бораи беҳтар кардани инфрасохтори IT дар нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳӣ баррасӣ хоҳад кард.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2023 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид