Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар айни замон воситаи асосии навсозӣ дар соҳаи нақлиёт мебошанд. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори Намояндагии Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли таъкид гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакати мо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд,- гуфт Азим Иброҳим. — Аз ин рӯ, ҳанӯз 20 сол пеш бо фармони худ Сарвари давлат Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуда буданд».
Бино ба суханони Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, низомҳои муосири иттилоотӣ тавассути ТИК имкон медиҳанд, ки барои ҳамаи иштирокчиёни ҳамкорӣ фазои ягонаи иттилоотӣ фароҳам оварда шавад. «Дар айни замон меъмории 26 модули низомҳои оянда таҳия шудааст ва USAID яке аз аввалин шарикони мо буд, ки кӯшишҳои вазоратро дар самти рақамисозӣ дастгирӣ кард»,- афзуд вазир.
Гуфта шуд, ки бо шарофати ҳамкории самарабахши вазорат ва USAID низоми электронӣ таҳия шудааст, ки шаффофият ва самаранокии раванди додани иҷозатномаҳоро барои ҳамлу нақли автомобилӣ баланд мебардорад. Система равандҳои тиҷоратиро автоматӣ мекунад, суръати қабули қарорҳоро беҳтар месозад ва инчунин дастрасии иттилоотро барои интиқолдиҳандагон нисбат ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдода дар портали берунии система беҳтар мегардонад.
Питер Райли гуфт, Намояндагии USAID пешниҳоди Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро дар бораи беҳтар кардани инфрасохтори IT дар нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳӣ баррасӣ хоҳад кард.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд






