Дар Душанбе масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гурӯҳҳои этникӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллияти миллӣ Қайрат Абдураҳмонов мулоқот намуд, ки зимни он оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти пешбурд ва риояи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки сиёсати этникии давлат ба муттаҳидии халқи Тоҷикистон, таҳаммулпазирии байни миллатҳо нигаронида шуда, аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ пурра дастгирӣ мешавад ва меъёрҳои баробарии ақаллияти миллӣ, роҳ надодан ба табъиз аз рӯи нишонаҳои миллӣ ва нажодӣ, ки дар қонунгузорӣ муайян шудааст, пурра риоя ва ҳал карда мешавад.
Зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ҳамтоёни худ аз дигар давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти ҷамъиятии дар ин самт фаъолияткунанда сухан рафт.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», ки ба пешбурди ҳуқуқ ва имконияти баробар барои ҳамаи шахсон, новобаста аз фарқияти нажодӣ, ранги пӯст, баромади миллӣ ё этникӣ мусоидат мекунад, ибрози назар намуд.
Мубодилаи тарафҳо бештар ба масъалаҳои муносибатҳои байни миллату халқият, вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ дар самти мазкур, мавриди экспертизаи табъизӣ қарор додани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар масоил дахл дошт.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






