Дар Душанбе масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гурӯҳҳои этникӣ баррасӣ шуд

Май 21, 2023 10:08

ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллияти миллӣ Қайрат Абдураҳмонов мулоқот намуд, ки зимни он оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти пешбурд ва риояи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки сиёсати этникии давлат ба муттаҳидии халқи Тоҷикистон, таҳаммулпазирии байни миллатҳо нигаронида шуда, аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ пурра дастгирӣ мешавад ва меъёрҳои баробарии ақаллияти миллӣ, роҳ надодан ба табъиз аз рӯи нишонаҳои миллӣ ва нажодӣ, ки дар қонунгузорӣ муайян шудааст, пурра риоя ва ҳал карда мешавад.

Зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ҳамтоёни худ аз дигар давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти ҷамъиятии дар ин самт фаъолияткунанда сухан рафт.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», ки ба пешбурди ҳуқуқ ва имконияти баробар барои ҳамаи шахсон, новобаста аз фарқияти нажодӣ, ранги пӯст, баромади миллӣ ё этникӣ мусоидат мекунад, ибрози назар намуд.

Мубодилаи тарафҳо бештар ба масъалаҳои муносибатҳои байни миллату халқият, вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ дар самти мазкур, мавриди экспертизаи табъизӣ қарор додани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар масоил дахл дошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2023 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд