Дар Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар низоми хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки ба 6 май рост меояд, дар мавзуи «Масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар низоми хизмати давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» бо даъвати мутахассисони соҳа ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамоиш бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Иброз гардид, ки имрӯз тамоми ҷанбаҳои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурра танзим гардидааст. Инчунин масъалаи паҳни иттилооти хизматӣ, маълумоти дорои хусусияти сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда дар асоси Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, риояи бечунучарои талаботи меъёрии Кодекси мазкур ҷузъи асосии матни савганди ҳар хизматчии давлатӣ мебошад.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, рушди бемайлони илму техника ва технологияи муосир татбиқи ҳукумати электронӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот омода намудани кадрҳои хизмати давлатӣ дар қисмати пеш бурдани фаъолият бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, ки дар таъмин ва пойдории амнияти миллӣ нақши калидӣ дорад, яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.
Он аз масъулини мақомоти босалоҳияти соҳаи хизмати давлатӣ ва сирри давлатӣ таваҷҷуҳ ва масъулияти баланд талаб менамояд.
Дар ҷамъбасти ҷамъомад барои ҳамкории мутақобилан судманд Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, инчунин роҳбарият ва масъули низоми махфии Агентии хизмати давлатӣ аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадршиносӣ гардиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки аз соли 2022 дар асоси ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тибқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», сархати бисту чорум 6 май Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муайян карда шудааст.
Муайян ва таҷлил намудани Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор корманди соҳаҳои гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






