Дар Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар низоми хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд

Май 6, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки ба 6 май рост меояд, дар мавзуи «Масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар низоми хизмати давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» бо даъвати мутахассисони соҳа ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Иброз гардид, ки имрӯз тамоми ҷанбаҳои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии  ҳуқуқии соҳавӣ пурра танзим гардидааст. Инчунин масъалаи паҳни иттилооти хизматӣ, маълумоти дорои хусусияти сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда дар асоси Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, риояи бечунучарои талаботи меъёрии Кодекси мазкур ҷузъи асосии матни савганди ҳар хизматчии давлатӣ мебошад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, рушди бемайлони илму техника ва технологияи муосир татбиқи ҳукумати электронӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот омода намудани кадрҳои хизмати давлатӣ дар қисмати пеш бурдани фаъолият бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, ки дар таъмин ва пойдории амнияти миллӣ нақши калидӣ дорад, яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.

Он аз масъулини мақомоти босалоҳияти соҳаи хизмати давлатӣ ва сирри давлатӣ таваҷҷуҳ ва масъулияти баланд талаб менамояд.

Дар ҷамъбасти ҷамъомад барои ҳамкории мутақобилан судманд Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, инчунин роҳбарият ва масъули низоми махфии Агентии хизмати давлатӣ аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадршиносӣ гардиданд.

Мавриди тазаккур аст, ки аз соли 2022 дар асоси ворид намудани илова ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тибқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», сархати бисту чорум  6 май Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муайян карда шудааст.

Муайян ва таҷлил намудани Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор корманди соҳаҳои гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд