Дар Душанбе олимпиадаҳои фаннии табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 7-8 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ байни хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ оғоз гардид, ки дар он 2400 хонанда аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони давлатӣ, забони англисӣ, ҳуқуқ, таърих) ва фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, биология, география ва химия) иштирок ва донишозмоӣ дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар олимпиада роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок маҳсуб мешавад. Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсил, рушди ҳаракати олимпӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод барои бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Баъди маросими ифтитоҳ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, донишу маҳорати худро нишон дода истодаанд.
Натиҷаи олимпиада 21 май эълон мегардад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 6000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил менамоянд
Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст
Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд






