Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 05.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Мақсад аз он- татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мебошад.
Тавре дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд, дар асоси қарори мазкур дар пойтахт баргузории якчанд чорабинӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шиору овезаҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ҷавонон ва афсарону сарбозон дар назар буда, ҳамоиши гирандагони стипендияи раисони ноҳияҳо, Раиси шаҳр ва Стипендияи президентӣ таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор карда мешавад.
Инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳо баргузории Конференсияи шаҳрии олимону муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Президент, ҷавонон ва илми муосир», Форуми сеюми шаҳрӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ-омили муҳими рушди босуботи ҷомеа» вобаста ба пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аксияҳои умумишаҳрии «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз» дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию ахлоқӣ ва таҳкими онҳо байни ҷавонон дар назар аст.
Инчунин бо мақсади таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон давоми моҳ дар боғҳои пойтахт ва муссисаҳои фарҳангӣ шоу- барномаҳои консертӣ, аз қабили «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» бо иштироки беҳтарин сарояндагони мамлакат ва дигар бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ боис шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






