Дар Душанбе самтҳои асосии татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе дар мавзуи «Самтҳои асосии амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» конфронси илмӣ-амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимони пажӯҳишгоҳи илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон, намояндагони бахши хусусӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки нишондиҳандаҳои асосии ҷараёни амалигардии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» нишон дод, ки мо ба ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии стратегии муайянгардида дар маҷмуъ ноил гардидем ва заминаи мусоид барои рушди устувори минбаъдаи мамлакат фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар баробари дастовардҳо баъзе нишондиҳандаҳои алоҳидаи барномаи қаблӣ бо назардошти пайомади буҳронҳои иқтисодии глобалӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни давлатҳо, тағйирёбии ноустувори нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, паст шудани фаъолнокии иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидааст. Аз ин лиҳоз, дар мамлакат ислоҳоти мушаххаси иқтисодӣ ва идоракунӣ ба роҳ монда шуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои дохилӣ аз рӯи имконият ва иқтидори мавҷуда таъмин карда шуд.
Роҳандозӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ, идомаи навсозии инфрасохтори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва таҳкими низоми молиявӣ дар давраи амалишавии «Барномаи миёнамуҳлати рушди 2016-2020» имкон дод, ки суръати рушди устувори иқтисодӣ ба таври кофӣ таъмин гардад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад






