Дар Ховалинг дар ёдгориҳои асри санг кори экспедитсияи байналмилалӣ оғоз шуд

Май 9, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 3 май экспедитсияи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимони Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Русия, Донишгоҳи техникии  Дания, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирски Русия ва Донишгоҳи шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ба омӯзиши давраи асри санги Тоҷикистон, ки якчанд бошишгоҳи ин давра дар ноҳияи Ховалинг мавҷуд аст, оғоз карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ходими пешбари шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Тура Хуҷагелдиев хабар дод.

Тура Хуҷагелдиев иброз намуд, ки «дар рафти кори экспедитсия таҳқиқоти маҷмуии бошишгоҳҳои асри санг дар ноҳияи Ховалинг: Кӯлдара, Лоҳутӣ, Обимазор, Хонақоҳ, Чашманигор ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Дар эскспедитсия ба ғайр аз бостоншиносон геологҳо, хокшиносон, ҷуғрофидонҳо, ботаникҳо, геофизикҳо ва мутахассисони дигар самтҳои илм иштирок мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки макони зисти одамони қадим васеътар омӯхта шавад».

Ин экспедитсияи муштарак соли чорум аст, ки идома дорад. Ҳадафи ҳафриёт омӯзиши таърихи аҳди қадим мебошад. Аз соли 1975 то соли 2005 дар ёдгориҳои асри санги ноҳияи Ховалинг бостоншиноси маъруф Вадим Ранов таҳқиқот анҷом додааст.


Ба гуфти Тура Хуҷагелдиев, минтақаи Ховалинг барои омӯзиши давраи асри санг аз он ҷиҳат муфид аст, ки дар он ҷо ҷариҳои зардхок мавҷуд аст ва баландии онҳо то 200 м расида, дорои якчанд қабати қаҳваранг бо ғавсии 3-8 м мебошанд. Ин қабатҳои қаҳваранг дар иқлими гарму намнок ҷамъ шудаанд, ки ин давра барои зиндагии одамони ибтидоӣ шароити муносиб буд. Аз ин рӯ, бостоншиносон дар ин қабатҳо корҳои ҳафриётӣ гузаронида, қабати мадании давраи палеолитро меомӯзанд. Қабатҳои зардхоке, ки дар фарози қабатҳои қаҳваранг ҷойгир мебошанд, дар давраи яхбандӣ дар иқлими хунук ва хушк пайдо шудаанд. Дар ин давра одамони ибтидоӣ ин мавзеъро тарк карда, ба минтақаҳои ҷанубтар ва гармтар рафтаанд. Асосан дар қабатҳои зардхок осоре аз зисти одамони ибтидоиро ёфтан хеле мушкил аст.

Мавриди тазаккур аст, ки солҳои 2021-2022 ҳангоми ковишҳо дар қабатҳои гуногуни қаҳваранги ёдгориҳои зикршуда артефакатҳои сангӣ ёфт шуданд. Масалан, маснуоти сангии аз Кӯлдара ёфтшуда таърихи тақрибан 400, 500 ва 800 ҳазор сол, маснуоти сангии аз Лоҳутӣ ба даст омада таърихи тақрибан 500 ва 600 ҳазор сол ва аз Обимазор пайдогардида таърихи тақрибан 300 ҳазорсола доранд»,-афзуд Тура Хуҷагелдиев.

«Натиҷаҳои таҳқиқоти дарпешистода вазъияти экологиро дар давраи истиқомати одамони қадим дар марҳилаҳои гуногуни палеолит ошкор ва синну соли бошишгоҳҳои асри сангро аниқ менамояд. Динамикаи инкишофи техника ва технологияи ҷудо кардани санг ва сохтани олоти сангӣ дар давраи 0,1-1,0 млн сол пеш ва таҳлили он дар муқоиса бо маҷмуи осори ҳудуди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки самтҳои имконпазири муҳоҷирати сершумори инсони ибтидоиро муайян намоем»,-афзуд Тура Хуҷагелдиев.

АКС: шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Май 9, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд