Дар Ховалинг кишти картошка идома дошта, асосан тухмии беларусӣ кошта мешавад

Май 28, 2023 15:25

ХОВАЛИНГ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ноҳияи Ховалинг бо истифода аз техникаи кишоварзию тухмии хушсифати ба шароити иқлими минтақа мутобиқ кишти картошка идома дорад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар баробари дигар кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи «Сайдаҳмад Каримов» ба кишти ин намуди маҳсулот оғоз намудааст. Тухмии картошкаро Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намудааст, ки навъи галла буда, аз Ҷумҳурии Беларус харидорӣ шудааст. Кормандони муассиса бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дар ин мавзеъ дар майдони ду гектар картошка мекоранд.

Иқлими ноҳияи Ховалинг барои картошкакорӣ мувофиқ буда, дар ҳолати сари вақт таъмин намудани оби полезӣ ҳосили фаровон ба даст меояд. Солҳои пешин дар ин ҷо аз навъҳои дигари картошка истифода мекарданд ва имсол навъи галларо, ки дар Беларус беш аз 600-сентнерӣ ҳосил медиҳад,  кишт менамоянд.

Мутахассисон бар ин ақида ҳастанд, ки бо мусоид омадани обу ҳаво кишоварзон имкон доранд аз 600-сентнерӣ ҳам зиёдтар ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Дар дигар хоҷагиҳои ҷамоатҳо ҳам кишти картошка вусъати тоза касб мекунад.

Тавре муовини раиси ноҳияи Ховалинг  Саймуъмин Рауфзода иттилоъ дод, «баҳри осон гардидани кори деҳқон ва сари вақт гузаронидани кишту риояи қоидаҳои агротехникӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагиҳоро бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин намуда, ҳамасола тухмиҳои хушсифатро дастрас ва ба хоҷагидорон пешниҳод менамоянд. Таъмиру барқарорсозии иншооти обрасонӣ ва чоҳҳои амудӣ аз ҷониби Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дастрасии кишоварзонро ба оби полезӣ осонтар гардонидааст. Аз ин рӯ ҳавасмандиашон ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ афзудааст».

Дар ноҳияи Ховалинг вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлим кишти картошка то нимаи дуюми моҳи июн идома ёфта,  дар баъзе мавзеъҳо ҷамъоварии картошка аз ҳамин вақт оғоз мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид