Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ду созишнома ва як ёддошт ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон.
Дар кори ҷаласа се масъала: Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорати транзитӣ, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе мавриди муҳокимаи вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифт.
Таъкид карда шуд, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорати транзитӣ 14 декабри соли 2022 дар шаҳри Исломобод ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии Созишномаи мазкур- ин савдои дуҷонибаи табодули мол ва хизматрасонӣ дар байни ду мамлакат буда, гузариши он ба воситаи ҷумҳурии сеюм ё мустақиман сурат гирифтани он, интиқолдиҳандагон, ҳаракати сарҳадӣ, тафтиши мол, ки барои иҷрои расмиёти дуҷонибаи гумрукӣ салоҳиятдор мебошад, дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин иброз гардид, ки Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд 16 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии Созишномаи мазкур- ин иҷрои зербанди 9.6 банди 9 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ барои бақайдгирии ҳуқуқӣ дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, мебошад.
Дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






