Дар Ҷидда аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудани беш аз 450 миллион доллар баррасӣ шуд

Май 13, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷудо намудани беш  аз 450 миллион доллар ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон 12 май дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ зимни мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулайман ал Ҷассер баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Завқӣ Завқизода тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки исломии рушдро ҳамчун шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ ҷараёни татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Дар робита ба ин ҳайати Тоҷикистон баъд аз муаррифии имконоти васеи сармоягузорӣ аз Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи «сабз»,  лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, роҳҳои мошингард, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдорӣ, тақвияти иқтидори бахши хусусӣ ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим маблағгузориро зиёд намояд.

Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои мазкур, инчунин тақвияти ҳамкории минбаъда баён намуд.

Таъкид гардид, ки Бонки исломии рушд барои маблағгузории лоиҳаи сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ ҷудо намудани 150 миллион доллари амрикоиро пешбинӣ намудааст ва ҷиҳати минбаъд зиёд кардани маблағгузории ин лоиҳа якҷо бо Гурӯҳи Ҳамоҳангсози Араб ва фондҳои рушди дахлдор корбарӣ дорад.

Ҷониби Бонки исломии рушд иттилоъ дод, ки бо мақсади татбиқи лоиҳаҳо, инчунин таҳияи стратегияи нави ҳамкорӣ якчанд ҳайати расмии Бонк давоми моҳҳои май — июн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 641 миллион доллар ҷудо гардидааст.

Дар доираи гуфтушуниди охир аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ҷудо намудани беш аз 450 миллион доллар пешбинӣ гардидааст.

Дар охир ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда омодагии худро баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд