Дар Ҷидда аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудани беш аз 450 миллион доллар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷудо намудани беш аз 450 миллион доллар ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон 12 май дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ зимни мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулайман ал Ҷассер баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Завқӣ Завқизода тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки исломии рушдро ҳамчун шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ ҷараёни татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Дар робита ба ин ҳайати Тоҷикистон баъд аз муаррифии имконоти васеи сармоягузорӣ аз Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи «сабз», лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, роҳҳои мошингард, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдорӣ, тақвияти иқтидори бахши хусусӣ ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим маблағгузориро зиёд намояд.
Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои мазкур, инчунин тақвияти ҳамкории минбаъда баён намуд.
Таъкид гардид, ки Бонки исломии рушд барои маблағгузории лоиҳаи сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ ҷудо намудани 150 миллион доллари амрикоиро пешбинӣ намудааст ва ҷиҳати минбаъд зиёд кардани маблағгузории ин лоиҳа якҷо бо Гурӯҳи Ҳамоҳангсози Араб ва фондҳои рушди дахлдор корбарӣ дорад.
Ҷониби Бонки исломии рушд иттилоъ дод, ки бо мақсади татбиқи лоиҳаҳо, инчунин таҳияи стратегияи нави ҳамкорӣ якчанд ҳайати расмии Бонк давоми моҳҳои май — июн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 641 миллион доллар ҷудо гардидааст.
Дар доираи гуфтушуниди охир аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ҷудо намудани беш аз 450 миллион доллар пешбинӣ гардидааст.
Дар охир ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда омодагии худро баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон









Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозорҳоро бо маҳсулоти босифат таъмин мекунанд






