Дар ИМА терапияи гение сохта шуд, ки ВМНО-ро нобуд месозад
ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Биологҳои молекулавии амрикоӣ терапияи дукаратаи генро дар асоси муҳаррири геномии «нобелӣ»-и CRISPR/Cas9 сохтаанд, ки ҳамзамон ҳуҷайраҳои сироятёфтаро аз аксари изи ВНМО тоза мекунад ва ДНК-и ҳуҷайраҳои иммунии солимро тавре тағйир медиҳад, ки онҳо дигар ба ҳамлаҳои вирус осебпазир нестанд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба ТАСС.
«Таърихи муваффақона шифо ёфтани беморони ВНМО дар натиҷаи пайванд кардани мағзи устухон моро ба чунин ақида водор кард, ки барои пурра аз вирус халос шудан на танҳо баданро аз вирус тоза кардан, балки ҳамаи ретсепторҳо (нӯги торҳои асабҳои ҳискунанда, ки таъсирро қабул мекунад) — и CCR5 — ро аз ҳуҷайраҳои иммунӣ тоза кардан зарур аст. Мо тартиби хеле содатар ва дар амал истифодашавандае таҳия кардем, ки ба мо имкон медиҳад ин вазифаро бо кумаки тазриқҳои генотерапияи CRISPR/Cas9 ҳал намоем», изҳор дошт профессори Донишгоҳи Темпл дар Филаделфия (ИМА) Камел Халилӣ, ки суханҳои ӯро хадамоти матбуоти донишгоҳ иқтибос овардааст.
Ҳоло дар рӯи Замин танҳо чаҳор нафарро аз ВНМО комилан шифоёфта эътироф мекунанд. Аввалин нафари онҳо, ба истилоҳ «бемори берлинӣ» Тимоти Брауни амрикоӣ аст, ки пас аз пайванд кардани мағзи устухон ба вирус иммунитет ҳосил намуд. Ҳамин тавр, «бемори лондонӣ» ва як нафар аз Венесуэла бо номи Адам Кастилйехо ва ҳамчунин як «бемори дюсселдорфӣ» — и 53 – солаи номаълум ва як зани миёнасол аз Амрико аз вируси норасоии масуният халос шуданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






