Дар Ҳисор бахшида ба эҷодиёти шоир ва драматурги тоҷик Ҳикмат Раҳмат маҳфили адабӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Тулуи хирад»- таҳти чунин унвон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор маҳфили адабии драматург, тарҷумон ва шоири шинохтаи тоҷик Ҳикмат Раҳмат баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳр, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, олимон, шоирон ва нависандагони шинохта иштирок намуда, доир ба осори шоир ва саҳми Ҳикмат Раҳмат дар рушди адабиёти муосири тоҷик сухан гуфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Таъкид шуд, ки Ҳикмат Раҳмат дар радифи шахсиятҳои шинохтаи илму адаби тоҷик қарор дорад. Ҳикмат Раҳмат дар Тоҷикистон шоирони ширинкалому нозукбаён, беҳтарин мутарҷим, рӯзноманигори воқеъбину ҳақиқатбаён ва олими дақиқкору фозил шинохта мешавад.
Осори Ҳикмат Раҳмат дар доираи китобҳои «Гулбарг», «Занги оина», «Шабоҳанг», «Паймони вафо», «Шукуфаи сарнавишт» ва ғайра ҷамъ оварда шуда, ҳаводорони зиёд дорад ва дар таълиму тарбия, баланд бардоштани завқи шеърхонию иншои шеър ва дигар самтҳои адабию фарҳангии хонанда нақши муҳим мегузорад.
Фаъолият ва маҳсулу ранҷу заҳмати эҷодию тадқиқотии Ҳикмат Раҳмат бо мукофоти зиёде, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали «Собиқадори меҳнат», ҳамчунин дар партави сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи адабиёт хизматҳои устод ҳамчун вассофи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли 1998 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва соли 2009 бо Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода қадршиносӣ шудааст.



Дар маҳфили адабӣ адибони шинохтаи тоҷик хотироти худро нисбат ба пайроҳаи эҷодии шоир варақгардон намуда, аз лаҳзаҳои фаъолияти ӯ нақлҳои ҷолиб намуданд.
Шоир Ҳикмат Раҳмат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот бо сипосу эҳтиром аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли қалам ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ваҳдату истиқлол неъмати бебаҳо буда, ба қадри он, пеш аз ҳама, адибон мерасанд. Чунки ба онҳо имконияти ба оламиён бештар муаррифӣ намудани адабиёт ва таъриху фарҳанги камназири тоҷик муяссар гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт






