Дар иёлати Калифорнияи ИМА 4 нафар бар асари тирпаронии оммавӣ ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тирпаронии оммавӣ дар як нуқтаи аҳолинишин, воқеъ дар маҳали беодами иёлати Калифорнияи ИМА чаҳор нафар ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Синхуа».
Ҳалокшудагон мардони 20-30-сола будаанд,- гуфта шудааст дар гузориш бо истинод ба дафтари сардори полиси ҳавзаи Керн.
Се зарардида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, як нафари дигарро ба беморхонаи маҳаллӣ бурдаанд, ки баъдан табибон ӯро фавтида эълон карданд,- таъкид шудааст дар гузориш.
Дар хусуси боздоштшудагон, гумонбаршудагон ё сабабҳои эҳтимолӣ маълумот дода нашудааст. Тафсилоти ин рӯйдод номаълум боқӣ мемонад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






