Дар Кӯлоб дар мавзуи «Талаботи замони муосир ба қобилияти педагогӣ-психологии омӯзгор» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
КӮЛОБ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Талаботи замони муосир ба қобилияти педагогӣ-психологии омӯзгор» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар конференсия профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ, омӯзгорони донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои «Қобилияти педагогии омӯзгор-муайянкунандаи муваффақияти азхудкунии донишу маҳорат ва малакаи хонандагон», «Нақши фаъолияти таълимӣ дар рушду нумуи сифатҳои касбии муаллим», «Тарбия ва ташаккули сифатҳои психологии муаллим» маъруза намуданд.
Иброз гардид, ки маҳорати педагогии муаллим, пеш аз ҳама, тавонистани ташкилии раванди омӯзишро ифода мекунад, ки дар ҳар гуна шароит, ҳатто дар вазъияти номувофиқ низ ба сатҳи тарбия, инкишоф ва дониши талабагон комёб шуда метавонад. Муаллими ҳақиқӣ ҳама вақт ба ҳар саволи ғайридоимӣ ҷавоб ёфта метавонад. Вай метавонад бо хонандагон бе душворӣ наздик шавад, фикрро равшан гардонад, ба қобилият такон оварад, ба шарте, ки маҳорати (санъати) педагогӣ дошта бошад.
Дар маҷмуъ дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конфронс 72 мақолаи профессорон ва омӯзгорон бобати бахшҳои гуногуни қобилияти педагогӣ-психологии омӯзгорон шунида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад






