Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат нахустин конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид

Май 12, 2023 08:43

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад,  нахустин конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.  Дар кори конференсия роҳбарият ва олимону муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, ки  мамлакати мо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ ба муваффақияти зиёди мондагор ноил гардидааст. Ин ҳама натиҷаи заҳмати халқи шарафманди тоҷик дар доираи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози Истиқлоли давлатӣ барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷии фаъол дар ихтиёри худ ягон ниҳоду дастгоҳи коршоям ва бунёди зарурии моддию техникӣ надошт. Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчун ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ танҳо ба таври рамзӣ вуҷуд дошта, на аз назари ҳайати роҳбарӣ, идорӣ ва на аз назари мазмуну сифат, насли дипломатҳои миллӣ ҳанӯз шакл нагирифта буд. Рушди сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ибтидо мегирад. Маҳз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ заминаи ҳалли қазияи дохилӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судмандро бо давлату созмонҳои хориҷӣ гузошт», — таъкид дошт ректори донишгоҳ.

Иброз гардид, ки  нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишон додани ҳадафҳо ва усулҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз иҷлосия дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён дошта шуд.


Дар конференсия дар мавзуъҳои “Шаклгирии низоми сиёсати хориҷӣ ва хадамоти консулгарӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар”, “Омӯзиши маҷмуи раванди сулҳи тоҷикон: муҳимият ва зарурати муаррифии он” ва “Аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар рушду такомули ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон” маъруза намуданд.

Бояд гуфт, ки сиёсати воқеъбинона дар барқарории муносибатҳои дипломатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи 30 намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 50 намояндагии дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, мубодилаи ҳамасолаи молу маҳсулот бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва аз ҳама муҳим, ироаи ташаббусҳои байналмилалӣ, бахусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи об ва табдили он ба омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ инъикос меёбад.

Имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар роҳи ҳалли масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ, ба монанди мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, халъи силоҳ, ҳифзи муҳити зист, махсусан ҳифзи пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб меравад, эътироф гардидааст.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 12, 2023 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд