Дар Минск конфронси Иттиҳодияи тоҷикони Беларус доир шуд

Май 15, 2023 11:29

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус 8 май конфронси Иттиҳодияи байналмилалии ҷамъияти тоҷикон «Сомониён» ва вохӯрии кормандони намояндагии дипломатӣ бо роҳбарият ва аъзои иттиҳодия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Дар конфронс ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи байналмилалии ҷамъияти тоҷикон «Сомониён» ва Комиссияи назоратӣ-санҷишӣ интихоб гардид.

Кормандони намояндагии дипломатӣ ба роҳбарияти нави ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди тоҷикони Беларус ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолият дар самти пешбурди фарҳанги миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷамъият пешравӣ таманно намуданд.

Таъкид карда шуд, ки аъзои иттиҳодия дар пешгирии гаравиши ҳамватанон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъол бошанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Май 15, 2023 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад