Дар натиҷаи обхезиҳо дар Италия 50 ҳазор хона бе барқ монд

Май 19, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи сел ва обхезиҳо дар минтақаи Эмилия — Романияи Италия 50 ҳазор манзил бе неруи барқ мондааст, иттилоъ медиҳад АМИТ«Ховар»  бо истинод ба «АЗЕРТАҶ».

Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ 150 оташнишон ва 50 техника ҷалб карда шудааст.

Тайи 48 соати охир то 400 амалиёти наҷотдиҳӣ анҷом дода шуда, зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҷойи бехавф кӯчонида шуд. Дар айни замон ин раванд идома дорад.

Дар минтақа ҳушдори сурх эълон гардида,  масъалаи эълон намудани вазъияти фавқулода баррасӣ мешавад.

Таъкид карда мешавад, ки давоми 36 соати охир дар ин минтақа меъёри бориши шашмоҳа мушоҳида шудааст.

Умуман 23 дарё зери об монда, 280 ярч ба амал омад ва 400 роҳ баста шудааст. Сатҳи об дар кӯчаҳои баъзе шаҳрҳо аз як метр гузаштааст. Дар натиҷаи сел ва обхезӣ 9 нафар ҳалок гашта, панҷ ҳазор фермаи вилоятро сел зер кардааст. Зарари расида миллиардҳо евроро ташкил медиҳад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: «АЗЕРТАҶ»

Май 19, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа