Дар ноҳияи Рашт 300 кг тухми чормағз ва 22 ҳазор тут шинонида шуд

Май 21, 2023 15:23

РАШТ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси Барномаи рушди соҳаи ҷангал ва дастгирии шарикони рушд то имрӯз дар кӯҳҳои болои шаҳраки Ғарм ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт аз ниҳолҳои қарағоч, ақоқиё, чормағз ва дарахтони мевадиҳанда  40,93 гектар ҷангал бунёд намуда, 45 гектар ҷангалро барқарор кардем, ки ҳоло сабзишу нашъунамои онҳо хуб мебошад. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Абдулазиз Қаландаров иттилоъ дод.

Дар ниҳолхонаи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт 13 ҳазор бех ниҳол мавҷуд аст, ки аз онҳо ҷангал бунёду барқарор карда мешавад. Ҳамчунин дар ин ниҳолхона 300 кг тухми чормағзи навъи «аъло»-ро зери қум намуда, онҳоро сабзонида ва дар минтақаҳои  «Шингилич»  ва «Навобод»- ноҳия  шинониданд. Дар оянда дар ин мавзеъҳо боғҳои чормағзи  аълосифат ташкил мегардад.

Тибқи иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рашт,   соли 2023  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 23 ҳазору 235 ниҳоли ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуд.  Ҳамчунин ҷиҳати рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ 22 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст, ки дар оянда ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ таъсири хуб мерасонад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Май 21, 2023 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад