Дар ноҳияи Темурмалик майдони гармхонаҳои доимамалкунанда васеъ карда мешавад
ТЕМУРМАЛИК, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон соҳибкорон ва кишоварзон майдони гармхонаҳои доимамалкунандаро васеъ менамоянд. Корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик чун дар дигар ҷамоатҳои деҳот вусъати тоза касб мекунад, хабар додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Тавре роҳбари Ҷамоати деҳоти Танобчӣ Суҳроб Раҳмонов иттилоъ дод, “дар ин ҷамоат солҳои охир кишоварзон фаъолияти хешро беҳтар намуда, ба бунёди гармхонаҳо рӯ овардаанд, ки бо парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама фасли сол бозору марказҳои савдоро бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд. Дар ин гармхонаҳо дар як сол то чор маротиба сабзавот мекоранд ва аз ин ҳисоб фоидаи хуб ба даст меоранд. Сабзавоти дар ин гармхонаҳо парваришёфта аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба сокинон нисбат ба нархи бозор арзонтар ба фурӯш бароварда мешавад. Дигар деҳқонон аз таҷрибаи кор дар гармхона истифода бурда, гармхонаҳои доимамалкунанда бунёд карда истодаанд”.
Мавсуф гуфт, ки онҳо тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақа мутобиқ дастрас кардаанд ва дар оянда бо истифода аз онҳо истеҳсоли маҳсулотро дар ҳама фасли сол ба роҳ мемонанд. Инчунин барои нигоҳдории маҳсулот дар паҳлуи гармхона як сардхона барои нигоҳдории 100 тонна маҳсулот бунёд намуда истодаанд, ки то охири сол ба истифода дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






