Дар ноҳияи Темурмалик майдони гармхонаҳои доимамалкунанда васеъ карда мешавад

Май 21, 2023 17:19

ТЕМУРМАЛИК, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон соҳибкорон ва кишоварзон майдони гармхонаҳои доимамалкунандаро васеъ менамоянд. Корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик чун дар дигар ҷамоатҳои деҳот вусъати тоза касб мекунад, хабар додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Тавре роҳбари Ҷамоати деҳоти Танобчӣ Суҳроб Раҳмонов иттилоъ дод, “дар ин ҷамоат солҳои охир кишоварзон фаъолияти хешро беҳтар намуда, ба бунёди гармхонаҳо рӯ овардаанд, ки бо парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама фасли сол бозору марказҳои савдоро бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд. Дар ин гармхонаҳо дар як сол то чор маротиба сабзавот мекоранд ва аз ин ҳисоб фоидаи хуб ба даст меоранд. Сабзавоти дар ин гармхонаҳо парваришёфта аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба сокинон нисбат ба нархи бозор арзонтар ба фурӯш бароварда мешавад. Дигар деҳқонон аз таҷрибаи кор дар гармхона истифода бурда, гармхонаҳои доимамалкунанда бунёд карда истодаанд”.

Мавсуф гуфт, ки онҳо тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақа мутобиқ дастрас кардаанд ва дар оянда бо истифода аз онҳо истеҳсоли маҳсулотро дар ҳама фасли сол ба роҳ мемонанд. Инчунин барои нигоҳдории маҳсулот дар паҳлуи гармхона як сардхона барои нигоҳдории 100 тонна маҳсулот  бунёд намуда истодаанд, ки то охири сол ба истифода дода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 21, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳолиёр Қурбонов»-и Қубодиён дар 11 гектар меваю зироат парвариш мешавад
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Панҷ дар 2 гектар гармхонаҳои доимӣ бунёд намудааст
Дар Душанбе дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР баррасӣ гардид
Дар Душанбе оид ба сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо» вохӯрӣ доир шуд
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нархи семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон– муқобили коррупсия» қадрдонӣ карда шуданд
Дар Остона ҷаласаи 12-уми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд