Дар ҳошияи Форуми Қазон 2023 созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18-19 май дар ҳошияи Форуми Қазон 2023 «Русия – ҷаҳони ислом» дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия, ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон», осоишгоҳҳои «Хоҷа оби гарм», «Баҳористон», «Оби Гарм»-и Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маҷмуъ 5 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин зимни чорабинии мазкур гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз ҷиҳати обҳои шифобахш, балки бо сайёҳии агро-эко ва гастротуризм ниҳоят мамлакати ҷалбкунандаи сайёҳон маҳсуб мешавад.
Табиати рангин, меваҳои аз нуқтаи назари экологӣ тару тоза, таомҳои миллӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ барои сайёҳони рус диққатҷалбкунанда мебошанд.



Дар ин робита пешниҳод карда шуд, ки барои шиносоӣ бо ин мавзеъҳо ва дигар имконоти сайёҳии мамлакат гурӯҳи намояндагони ширкатҳои сайёҳии Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бо шароит, тарзи муолиҷа дар ин осоишгоҳҳо ва дигар имконоти сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо иброз дошта шуд, ки дар асоси Харитаи роҳ дар айни замон ҳайати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати муаррифӣ намудани имконоти сайёҳии мамлакат ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия рафта, бо намояндагони бахши сайёҳии Федератсияи Русия суҳбатҳо анҷом дода истодаанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Чин баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 55 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои Тоҷикистон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ анҷом дода шуд
Телевизиони «Синамо» силсилафилми ҳунарии «Нерӯи ишқ»-ро таҳия намуд
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид
Дар Душанбе масъалаи таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он баррасӣ шуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст
Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид






