Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиши аксҳо ташкил шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 100-солагии пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳо ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоишгоҳ аксҳо ва маълумоте ба намоиш гузошта шуд, ки давраҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Ҳайдар Алиев, аз қабили фаъолияти расмӣ, кор дар даврони Шӯравӣ ва солҳои истиқлол, вохӯрию сафарҳо ба вилоятҳои гуногуни Озарбойҷон ва хориҷи ин кишварро инъикос мекунанд.
Дар намоиш директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллии Озарбойҷон сухан намуда, нақши Ҳайдар Алиевро дар рушди давлатдории муосири Озарбойҷон муассир арзёбӣ намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






