Дар Пекин Форуми агентиҳои иттилоотии «Чин-Осиёи Марказӣ» баргузор гардид

Май 23, 2023 12:18

ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори асосии медиа-бинои агентии иттилоотии «Синхуа» дар Пекин (Чин) Форуми агентиҳои иттилоотии «Чин ва Осиёи Марказӣ»  баргузор гардид.

Мавзуи форум таҳкими ҳамкории ВАО барои мусоидат ба бунёди ҷомеаи Чин ва Осиёи Марказӣ буд.

Дар форум роҳбарони агентиҳои марказии иттилоотии Чин ва Осиёи Марказӣ: директори генералии Агентии иттилоотии «Синхуа» Фу Хуа, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода, директори Агентии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» Медербек Шерметалиев, директори Агентии иттилоотии  «УзА» Абдусаид Кучимов, раиси Агентии давлатии Туркманистон Мердан Газакбоев ва муовини директори генералии ҶСП «Маҷмааи телевизион ва радиои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» Тлеген Абишев  иштирок намуданд.

Соли 2013 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» — ро пешниҳод намуд. Дар тӯли 10 соли охир дар сохтмони муштараки «Камарбанд ва роҳ» натиҷаҳои судманд ба даст оварда шуд, ташаббус ба маҳсулоти маъмули байналмилалӣ ва платформаи ҳамкории байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир табдил ёфт. Дар доираи ин ташаббус Агентии иттилоотии «Синхуа» соли 2019 шарикии мубодилаи иттилоотро пешниҳод ва таъсис дод.

Шарикӣ дар саросари ҷаҳон посухҳои мусбат гирифт ва ҳоло дар маҷмуъ 49 агентии иттилоотӣ, институтҳои тадқиқотӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ ва дигар аъзо аз 33 давлат ва минтақа, аз ҷумла Осиё, Африқо Аврупо, Амрикои Лотинӣ ва Уқёнусия ба он ҳамроҳ шудаанд.

Тавре директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иброз намуд, мояи хушнудӣ аст, ки форум бевосита пас аз Саммити якуми сарони давлатҳои «Чин-Осиёи Марказӣ», ки дар он сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок доштанд, гузаронида мешавад.

«Дар ҳамоиш иброз дошта шуд, ки ба хотири таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ доир ба тамоми масъалаҳои рушди давлатҳо ба таҳкими институтсионализатсияи ин шакли ҳамкорӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Форуми имрӯза ба таҳкими ҳамкории судманди давлатҳои иштирокчии Саммит, татбиқи тавофуқномаи дар натиҷаи ин чорабинии муҳим ҳосилшуда мусоидат мекунад. Дар баробари ин, воситаҳои ахбори омма ба арсаи мубоҳисаҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд, ки метавонад оқибати номатлуб дошта бошад.

Бо назардошти ин, таъмини амнияти иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир унсури асосӣ ва омили таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад.

Барҳақ гуфта шудааст, ки ҳар касе соҳиби иттилоот бошад, ҷаҳонро идора карда метавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дар самти мубориза бо ҳама падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризму радикализм, «ҷангҳои иттилоотӣ»  ва бархӯрдҳое, ки таҳдиду хатар ба вуҷуд меоранд, кӯшишу талошҳои назаррас ба харҷ медиҳад», — афзуд Субҳиддин Шамсиддинзода.

Тавре ки дар ҷараёни форум иброз гардид, аз оғози муносибатҳои дипломатӣ байни Чин ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ зиёда аз 30 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат муносибатҳои шарикии стратегӣ пайваста барқарор карда шуд ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун торафт мустаҳкамтар шуда, намунаи муносибатҳои байналмилалии навъи нав ба вуҷуд овард. Воситаҳои ахбори оммаи Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бартарияти беназир доранд: онҳо таърихи Чин ва панҷ давлати Осиёи Марказиро нақл мекунанд, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байни халқҳоро тақвият медиҳанд, мубодила ва омӯзиши мутақобилаи байни тамаддунҳоро тақвият мебахшанд, бо иҷрои нақши пул ба бунёди ҷомеаи Чин ва Осиёи Марказӣ мусоидат менамоянд.

Иштирокчиёни форум омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар асоси тавофуқоти сарони давлатҳое, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд, изҳор намуданд.

Воситаҳои ахбори оммаи Чин ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ бояд қувваҳои худро муттаҳид ва мувофиқа кунанд, қувваи ақлии кишварҳои дорои бозори рушдёбандаро тақвият дода, ба адолати байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Дар бораи густариши ҳамкорӣ дар ҷамъоварӣ ва паҳнкунии иттилоот, интихоби мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн барои банақшагирӣ ва ташкили мусоҳибаҳои муштарак, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти гузоришрасонӣ мулоҳиза карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бояд мубодилаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи башардӯстона ва фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои сатҳи баланд ва ташрифҳои мутақобила, ташкили машғулияти касбӣ, даврҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳо фаъолона амалӣ карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар таъмини амнияти иттилоотии ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон агентиҳои иттилоотии давлатӣ нақши назаррас доранд ва мо бо назардошти нақш ва ҷойгоҳи агентиҳои иттилоотии давлатӣ дар фазои иттилоотии минтақа ва ҷаҳон бояд барои ташкили ҳамкорӣ ва робитаҳои доимӣ кӯшиши бештар ба харҷ диҳем, то барои таъмини амнияти иттилоотии давлати худ ва тарғиби дастовардҳои давлатҳои минтақа ҳамеша омода бошем.

Ҷонибҳо тақвияти мубодила ва ҳамкориро дар соҳаи иттилооти иқтисодӣ, баргузории чорабиниҳо ва мубодилаи захираҳо дар доираи шабакаи мубодилаи иттилооти иқтисодии «Камарбанд ва роҳ»  дастгирӣ мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2023 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо баррасӣ гардид
Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат табодули афкор намуд