Дар семоҳаи аввали соли 2023 дар Муғулистон бар асари сӯхтор 359 505 гектар замин нобуд шудааст
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, дар семоҳаи якуми соли равон дар даҳ музофоти Муғулистон бар асари сӯхтор 359 ҳазору 505 гектар замин нобуд шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон хабар додааст.
Дар изҳороти расмӣ гуфта мешавад, ки барои рафъи сӯхтор дар вилоятҳои Архангай, Баянхонгор, Булган, Дорнод, Сухбаатор, Сэленгэ, Тув, Хувсгел, Баян-Улгий ва Увс беш аз 2,6 ҳазор нафар ва 320 воҳиди техникаи оташнишонӣ ҷалб карда шуд.
Дар ҳамин ҳол коршиносон сабаби аслии сар задани сӯхторро муносибати беэҳтиётона бо оташ ва сӯзонидани алафҳо меҳисобанд.
Дар робита ба ин Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон аз сокинони шаҳри Улан-Батор ва 21 музофот даъват кардааст, ки дар шароити хушки кунунӣ гулхан наафрӯзанд ва нимкаши сигорро ба замин напартоянд.
Аз аввали соли 2023 дар Муғулистон дар маҷмуъ дар ҷангалу даштҳо 49 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






