Дар Сербия ба хотири ҳалокшудагони тирпаронӣ дар мактаб мотами серӯза эълон карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Сербия баъди ҳодисаи фоҷиавӣ, ки дар яке аз мактабҳои ибтидоии шаҳри Белград ба амал омад, мотами серӯза эълон кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Аз 5 то 7 май дар мамлакат ба хотири ҳалокшудагон дар натиҷаи фоҷиа мотам эълон карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи чоршанбе, соати 08:40 муовини директори мактаб Иванка Йованович ба идораи полис занг зада, хабар дод, ки ба мактаб як наврас бо силоҳи оташфишон даромада, тирпаронии бетартибонаро оғоз кард. Ба ҷойи ҳодиса ба таври оҷилӣ полис равон карда шуд.
Ҷинояткор низ полис даъват карда, хабар дод, ки якчанд нафарро дар мактаби ибтидоии Владислав Рибникара парондааст.
Вақте полис ба ҷойи ҳодиса расида омад, маълум гардид, ки навраси дар боло гуфташуда силоҳи оташфишонро истифода кардааст. 8 талаба– 7 духтарак ва як писар кушта шудааст. Ҳамчунин як посбон ҳалок гардидааст. Боз чор писар, ду духтарак ва муаллими фанни таърих захм бардоштаанд.
Худи ҳамон рӯз падари навраси ҷинояткор дастгир карда шуд, зеро соҳиби қонунии силоҳ маҳсуб мешавад.
6 кӯдак ва як муаллими мактаб дар муассисаҳои тиббии Белград ба табобат фаро гирифта шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






