Дар шаҳри Бӯстон Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иброз гардид, ки ҳунари атласу адрасбофӣ таърихи тӯлонӣ дошта, навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки то имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои мамлакат маъмул аст. Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад.
Тибқи Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо, аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши либосҳои арӯсию домодӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии фестивал маҳсули ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамзамон зимни баргузории фестивал аз ҷониби санъаткорону ҳунармандони шаҳр барномаи фарҳангии рангин пешкаши иштирокдорон карда шуд.
Дар фарҷом беҳтаринҳо бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






